Хасани аробакаш (достон)

by Султонов Сулаймонхон

free


not available



ҲАСАНИ АРОБАКАШ 1Пўшт, машкоб! Бохабар, мардум!Ба қафоят нигоҳ кун, нонвой!Ҷой, ҳезумфурўши варзобӣ,Хари худро каш аз даруни лой!Бо чунин дўғу валвала омадҲасани ошно аробасавор,Одамонро ба ду тараф ронда,Мегузашт аз миёнаи бозор.
Мегузашт аз даруни обу гил,Аз бари чойхонаю дуккон,Аз таги бомгўшаҳои паст,Аз раҳи танг – кўчаи вайрон.
Мекашонид санги дарёроАз барои кадом деворе,Хонае, кўчае, саройи наве,Ё барои дигар ягон коре.